Чанд лаҳза пеш ҳавопаймои украинӣ бо 167 мусофир бинобар “мушкилоти техникӣ” дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон суқут кард, хабар медиҳад “Тасним”.
Ин иттилоъро сардори фурудгоҳи Теҳрон тасдиқ карда гуфтааст, ки ҳавопаймо чанд лаҳза пас аз парвоз суқут кардааст.
Тибқи иттилои вебгоҳи Flightradar, эҳтимолан сухан дар бораи масири парвози PS 752 Теҳрон – Киев меравад. Аз иттилои фурудгоҳи Бориполи Киев маълум шудааст, ки ин ҳавопаймо соати 08:10 бо вақти маҳаллӣ бояд ба пойтахти Укрина мерасаид.
Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандаҳо ба ҷойи ҳодиса расидаанд ва эҳтимоли наҷоти зиндамондаҳо ҳаст.
На этом видео – первые секунды после падения украинского «Боинга» в окрестностях Тегерана. При крушении самолёта погибли 176 человек. pic.twitter.com/45V9VR1VZs
— baza (@bazabazon) January 8, 2020