Ҳудуди ду ҳафтаи охир беш аз 70 дӯкони соҳибкорони бозори «Султони Кабир» дар Душанбе, ки дар қисмати ғарбии ин бозор фаъолият доштанд,  аз байн бурда шуда, ба ҷояш истгоҳи муваққатӣ фаъол шудааст.

Соҳибкорон ин макон, ки ба фурӯши молу маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ машғул буданд,  мегӯянд, ба онҳо танҳо як рӯз муҳлат доданд, ки молу маҳсулоташонро аз дӯконҳо бардоранд ва ҷойро холӣ кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин дӯконҳо, ки тӯли чанд соли охир фаъолият мекарданд, берун аз ҳудуди бозор бунёд шуда будаанд.

Беҳруз Ғоибов, масъули ин таваққуфгоҳ ба ҷобаҷогузорию гирифтани маблағ аз нақлиёти воридшуда машғул буд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, қисме аз соҳибкоронро дар дохили бозор ҷой додаанд ва тақдири қисми дигарашон алҳол номаълум аст.

Огоҳони ҳол мегӯянд, ин дӯконҳо берун аз ҳудуди бозори «Султони Кабир» ғайриқонунӣ бунёд шуда буданд ва ахиран Ҳукумати шаҳри Душанбе ин қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь