Султон Иброҳим ба унвони подшоҳи нави Малайзиё савганд ёд кард. Ин маросим дар кохи миллии Куала Лумпур баргузор шуд.
Салтанат дар Малайзиё умдатан нақши ташрифотӣ дорад. Ҳамон тавр ки Ройтерс хотирнишон мекунад, нуфузи он дар солҳои ахир афзоиш ёфтаасту подшоҳро водор кардааст, ки аз ваколтаҳои ихтиёрӣ “барои фурӯнишонии бесуботии сиёсӣ” истифода кунад.
Ин кишвар дорои як системаи мунҳасир ба фарди чархиши султонҳои меросӣ ба самти раёсат олӣ аст. Подшоҳ барои як давраи панҷсола аз миёни ҳокимони меросии 9 иёлат бидуни ҳақи интихоби дубора барои давраи дувум интихоб мешавад. Аз соли 2019, Абдуллоҳ Риёзиддин Ал-Мустафо Биллоҳ подшоҳ аст.
Салтанат дар Малайзиё умдатани хориҷ аз сиёсат дар назар гирифта мешавад. Бо ин ҳол, ҳамон тавр ки Ройтерс ишора мекунад, Султон Иброҳим ағлаб дар баҳсҳои марбут ба масоили сиёсии кишвар ширкат мекунад. Ба гуфтаи ин оҷонсӣ, подшоҳи нав ба хотири маҷмуаи бузурги мошинҳову дучархаҳои мотордори боҳашамати худ шинохта шудааст ва манфиатҳои тиҷории густардае дорад.