Дирӯз, дар натиҷаи таркиш балони газ дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Панҷакент, сӯхтор ба амал омада, чанд нафар осеб бардоштанд.

Ҳодиса, вақти зӯҳр дар ошхонаи “Самарқанд” рух дод, ки дар ин вақт мардум дар он ҷо хӯроки нисфирӯзӣ тановул мекарданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 25-уми январи соли 2021, тахминан соати 12:20, дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157, ки ба иҷорагиранда шаҳрванд Тиллоев Ёлқин Раҳмонкулович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи деҳаи Майката, ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад, бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омадааст, ки дар натиҷа 12 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва ба беморхона расонида шудаанд.

Кормандони идораи сӯхторнишонӣ дарҳол ба ҷои ҳодиса расида, оташро хомӯш карданд. Дар бораи хисороти молӣ маълумоте нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь