Дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омадааст, ки бар асари он 9 нафар захм бардоштаанд.

Як манбаъ аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар дод, ки рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ дар  нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сони-С” дар  деҳаи Зархеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  таркиш ба амал омадааст. Гуфта шуд, ки хушбахтона теалафоти ҷонӣ нест, аммо чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Сабаби сӯхтор таркиши зарфҳои нигаҳдории маводи сӯзишворӣ мебошад, гуфтанд аз мақомот.

Ҳисороти онро мутахасисон муайян хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь