Дар бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омадааст, ки хадамоти оташнишонӣ саривақт онро хомӯш кардааст.

Як манбаъ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ” Фараж” хабар дод, ки рӯзи 11-уми ноябри соли ҷорӣ  сӯхтор дар як мағозаи бозори ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ сар зада, сӯхторхомушкунон сари вақт ба ҷойи ҳодиса омада оташро хомӯш карданд.

Бозори марказии ноҳияи мазкур аз ду қабат ва ду канори роҳ ҷойгир мебошад.

То ҳол маълумот дар бораи сабаби сар задани сӯхтор ва зарари он гуфта нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь