Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод ва дар рафти суҳбат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи «Крокус Ситӣ Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид кард, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз кард. Сарвари Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор кард.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро барои идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд. Дар ин замина аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак барои тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо қайд гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь