Суханорои Муродбег, мураббии Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 бо номи “Ситора”-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» эълон гардид.
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷамъбаст шуда, мураббии Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 бо номи “Ситора”-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Суханорои Муродбег ғолиби озмун эълон гардид.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» 5 довталаб аз муассисаҳои томактабӣ – Фирӯза Ғаюрова аз шаҳри Душанбе, Дилором Ёрова аз ноҳияҳои тобеи марказ, Мунира Раҳмонова аз ВМКБ, Малика Шарифова аз вилояти Суғд ва Суханорои Муродбег аз вилояти Хатлон ширкат карданд.
Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи шаш шарт – муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Ба панҷ нафар иштирокчии даври ниҳоии озмун дар Рӯзи омӯзгорон нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад.