Сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе зимни баргузории як нишасти хабарӣ аз он ёдовар шуд, ки Шавкат Мирзиёев ҳафтаи гузашта бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти телефонӣ анҷом дод. Вай гуфт, ки роҳбарони ду давлат дар бораи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин, дар бораи вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
Сухангӯи президенти Ӯзбекистон дар бораи баргузории як конфронси бонуфуз дар шаҳри Тошканд таваққуф намуд ва зикр кард, ки рӯзҳои 15-16 июл президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣбарои ишркат дар ин конфронс ба Тошканд ташриф меорад.
– Сафари роҳбари Покистон ҷаноби Имрон Хон ба Ӯзбекистон мақоми расмиро касб менамояд, – гуфт Шерзод Асадов.
Ба таъкиди ӯ ин конфронс муҳимтарин рӯйдоди ҳафтаи равон хоҳад буд. Шерзод Асадов тазаккур дод, ки дар конфронси мазкур намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Хосеп Баррел, роҳбарони вазоратҳои хориҷии 20 кишвари дунё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, вакилони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат хоҳанд кард.
– Шумораи умумии иштирокчиёни конфронс аз 600 нафар зиёд аст. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба иштирокчиёни конфронс паёми видеоӣ мефиристад, – изҳор кард Шерзод Асадов.
Ба таъкиди сухангӯи президенти Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст, ки конфронс барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаву боэътимод ва ҳамсоядории неки байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хеле мусоидат хоҳад кард.
Шерзод Асадов дар робита ба авзоъи ахири Афғонистон иброз дошт, ки аз ҷониби ин кишвари ҳамҷавор ба кишвараш ягон таҳдид эҳсос нашудааст ва дахлнопазирии марзҳои давлатии Ӯзбекистон ҳаргиз зери шубҳа қарор нахоҳанд гирифт.
Вай афзуд, ки пас аз шиддат гирифтани авзоъ дар Афғонистон чанд маротиба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвари ҳамҷавор кӯшиш карданд, ки марзи Ӯзбекистонро ғайриқонунӣ убур кунанд.
– То ҳол шумораи умумии онҳо ба 150 нафар расидааст. Пас аз гузаронидани тафтишот ва бозпурсиҳои зарурӣ ҳамаи ин шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба ватанашон баргардонида шуданд. То ҳол ягон шаҳрванди Афғонистон дар Ӯзбекистон паноҳгоҳи ғайриқонунӣ наёфтааст, – гуфт Шерзод Асадов.
Сухангӯи президенти Ӯзбекистон дар посух ба суоли он ки оё кишвараш ба Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ пайваст хоҳад шуд ё на, гуфт, ки Ӯзбекистон соли 2012 дар бораи сиёсати беруна консепсия қабул кардааст ва мувофиқи он ба ягон созмони низомӣ пайваст намешавад ва иҷоза низ дода намешавад, ки нерӯҳои ҳарбии ягон кишвар дар қаламрави Ӯзбекистон мустақар шаванд.
– Мо ба ягон блоки сиёсӣ хостори ҳамроҳ шуданро надорем. Гузашта аз ин, ба Ӯзбекистон ҷиҳати шомил шудани он ба Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ ягон таклифи расмӣ ироа нашудааст,-гуфт Шерзод Асадов.
Аз Шерзод Асадов боз пурсида шуд, ки ИМА баъди хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳиш кардааст, ки барои муваққатан мустақар кардани нерӯҳои афғон иҷоза диҳанд. Тоҷикистон ба ин хостори ИМА вокуниши мусбат додааст. Оё Ӯзбекистон дар қаламрави худ нерӯҳои афғониро мустақар хоҳад кард, ё на?
– Ман қабл аз посух ба ин савол аз шумо пурсиданиам, ки чунин маълумотро аз куҷо пайдо кардаед. Дуюм, аз ягон ҷониб ба Ӯзбекистон дар бораи истиқрори нерӯҳо таклифи расмӣ сурат нагирифтааст. Дар посухи қаблӣ муносибати кишварамро баён кардам ва гуфтам, ки дар қаламрави Ӯзбекистон ягон нерӯи кишварҳои хориҷӣ ҷой дода намешаванд ва дар ин робита мо мавқеи худро тағйир нахохем дод,-изҳор кард Шерзод Асадов.
Сухангӯи президенти Ӯзбекистон илова кард, ки кишвараш ба Афғонистон, новобаста аз авзоъ дар он, ҳар гуна кумакҳои гуманитариашро идома медиҳад. Шерзод Асадов боз тавзеҳ дод, ки дар конфронси 15-16 июл маҳз масъалаи Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд ва дар он фиристодаҳои кишварҳои гуногун мушорикат ва ибрози назар хоҳанд кард.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд