Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зӯҳри рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки авзоъи кунуни Афғонистон дар ҳамин ҳол мавриди таваҷҷӯҳи тамоми расонаҳои олам қарор гирифтааст.

Дар пайи суханронӣ Асадов аз хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷии мустақар дар кишвараш даъват кард, ки аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасоси марбут ба Афғонистон худдорӣ кунанд.

– Дуруст аст, ки ҳамаи расонаҳо талош доранд ҳодисаҳои марбут ба Афғонистонро ба таври фаврӣ инъикос кунанд, аммо дар ин мавзуъ ба тахминҳо набояд роҳ дода шаванд. Ҷилавгирӣ кунед,  то ки хабарҳои беасос ва тасдиқношуда дар расонаҳо пахш нашаванд, – изҳор кард Шерзод Асадов.

Вай афзуд, ки мақомоти расмии кишвараш омодаас,т ҳар гуна хабарҳои расмиро ба хабарнигорон сари вақт дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳо мегӯянд, ки президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Ӯзбекистон паноҳ бурдааст, амо ин иттилоъ аз ҷониби мақомоти расмии Ӯзбекистон тасдиқ ё такзиб нашудааст.

Бино ба хабарҳои расида аз Афғонистон Толибон эълон кардааст, ки ба ҷанги дарозмуддат дар кишвар хотима дода шуд, аммо ҳанӯз тарзи идории давлатдорӣ дар Афғонистон маълум нашудааст. Интизор меравад, ки дар Афғонистон шакли аморат таъсис хоҳад ёфт.

Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира иттилоъ додааст, ки дар майдони ҳавоии Кобул бесарусомонӣ авҷ гирифтааст. Чархболҳо пайваста аз Кобул кормандони миссияҳои дипломатиро ба беруни ин кишвар интиқол медиҳанд.

Хабаргузории fergana.agency мегӯяд, бо вуҷуди ишғоли шаҳри Кобул аз ҷониби Толибон кормандони сафоратхонаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар дар шакли фишурда фаъолияти худро идома медиҳанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь