Сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе дар баробари хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ эълон кард, ки сарвари ин давлат Шавкат Мирзиёев маъракаи эмкуниро паси сар намудааст ва пурра воксан гирифтааст.

– Раисҷумҳурамон ба сифати шаҳрванди бомасъулият воксанро аллакай гирифтаанд. Ҳамон замон дар Ӯзбекистон 3 воксан аз руйхат гузашта буданд. Инҳо “ZF-UZ VAC2001”, “AstraZeneca” мебошанд. Президент аз ин се воксан интихобан бо яктои он худро эм кунондаанд, – гуфт Шерзод Асадов.

Аммо сухангӯи президент нагуфт, ки Шавкат Мирзиёев маҳз кадоме аз ин воксанҳоро афзал шумурдааст.

Дар пайи он Шерзод Асадов итттилоъ дод, ки Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъаи оянда озими шаҳри Авази Туркманистон хоҳад шуд. Ба гуфтаи сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ин сафар дар мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.

Моҳи августи соли равон мулоқоти бевоситаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо доираҳои соҳибкории кишвараш барномарезӣ шудааст. Дар он соҳибкорон ба сарвари давлати худ бо саволҳое муроҷиат хоҳанд кард, ки ҳалли он барояшон мушкилоту муаммо эҷод намудааст.

– То кунун ба ситоде, ки ин муроҷиатҳоро гирдоварӣ ва таҳлилу баррасӣ менамояд, ҳудуди 10 ҳазор муроҷиат расидааст. Ҳудуди 80 дарсади ин муроҷиатҳо масъалаҳои инфиродӣ ба шумор мераванд ва дастикам 40 дарсади он аллакай ҳаллу фасл гардиданд. Ин муроҷиатҳо масъалаҳои гирифтани кредит, ҷудо кардани замин ва амсоли онро ташкил менамоянд, – гуфт Шерзод Асадов.

Вай афзуд, ки раванди муроҷиатҳо ба ин ситод чанд ҳафта муқаддам шурӯъ шудааст ва фиристодани муроҷиатҳо бо як маром идома дорад.

Интизор меравад, ки баъди таҳлил саволҳои умдаву ҳаллашон ногузири соҳибкорон ба худи президент Шавкат Мирзиёев ироа хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь