Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10-11уми июни соли равон бо ташрифи расмӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи душанбе сухангӯи президенти ин кишвар Шерзод Асадов зимни як нишасти матбуотӣ ба журналистон иттилоъ дод.

– Гуфтушунидҳои асосӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Рӯзи дуюми ташриф Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанд меравад. Дар ин ҷо роҳандозии якчанд чорабиниҳо барномарезӣ шудаанд,-изҳор кард Шерзод Асадов.

Вай афзуд, ки ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор тавсеа меёбанд. Ба таъкиди Шерзод Асадов қарор аст, ки ҳаҷми табодули мол миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба 1 миллиард доллари амрикоӣ боло бурда мешавад.

– Бо вуҷуди пандемӣ ва шароити ногувор мо тавонистем, ки ҳаҷми табодули моли миёни ду кишварро дар соли гузашта ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонем. Ҳоло бештар аз сад корхонаи муштарак фаъолият мекунанд. Мо ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва инвеститсионӣ аҳамияти бештар қоил мешавем ва онро дар меҳвари асосӣ қарор додаем, – гуфт сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки кишвараш дар бобати фарохтар намудани домани ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо Тоҷикистони ҳамҷавор ба ягон маҳдудият роҳ нахоҳад дод. Ба гуфтаи Шерзод Асадов дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва мошинсозӣ ҳамкориҳои ду кишвар беш аз пеш рушду нумӯъ хоҳанд кард.

– Он нукта қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ба сатҳи нав мебароянд ва он ба манфиатҳои ҳарду ҷониб хизмат хоҳанд кард. Мо бо ин кишвари ҳамҷавор дар сатҳи минтақавӣ низ  ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Ҳоло дар сатҳи ноҳияҳо низ чунин ҳамкориҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд, – иброз намуд сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Тавре ки  Шерзод Асадов таъкид варзид, ин дар бахши ҳамкориҳои доманфарохи миёни ду кишвар комилан таҷрубаи нав мебошад. Вай афзуд, ки ин таҷруба низ барои ду кишвар самараҳои неки худро ба бор хоҳад овард.

– Мо аз ин сафари президенти худ ба Тоҷикистон натиҷаҳои хубро интизорем, зеро боз як қатор масъалаҳои нав мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид, – гуфт Шерзод Асадов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь