Духтурон мегӯянд, ки вобастагии шадид ба нӯшобаҳои алкоголӣ метавонад масуниятро заиф кунад, аммо натиҷа нишон медиҳад, ки хоҳишмандони арақ ёрои тарк гуфтани онро надоранд.

Сарвари Маркази наркологии вилояти Суғд Бахтиёр Сатторов гуфт, ки соли гузашта 1774 нафар ҳамчун бемори майзада ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 39 нафарро занон ташкил медиҳанд.

– Теъдоди умумии беморони майзада дар қиёс бо соли 2018-ум 87 нафар афзудааст, –  мегӯяд сардухтур. – Ҳамзамон, соли 2019-ум ҳамагӣ 201 нафар аз қайди марказ бароварда шудаанд.

– Ба дармонгоҳи Маркази наркологии вилояти Суғд 8413 нафар муроҷиат кардаанд. 3826 нафар шаҳрванд барои муайян кардани ҳолати мастӣ аз ташхис гузаронда шуданд, ки аз ин 854 нафарро БДА ва 2972 нафарро кормандони ШВКД овардаанд, – илова кард ӯ.

Гуфта мешавад, ки дар Хуҷанд 247, Конибодом 236, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 234, Исфара 221, Панҷакент 192, Истаравшан 176 ва Спитамен 110 нафар бемори майзада ба қайд гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь