Маълум шуд, ки дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова «Шоҳҷоиза»-и озмун ва ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд — 20 ҳазор сомониро  ба даст овардааст.

Дар маросими ҷамъбасти озмун 39 нафар ғолиби озмун аз рӯи 5 номинатсия муайян гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Озмуни мазкур дар «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир шуда, дар он 388 нафар ғолиби даври шаҳрию ноҳиявӣ ба  даври вилоятии  озмун роҳхат гирифта, аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувва озмуданд.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли равон ба гузаронида мешавад.

Даври сеюм аз нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир мегардад.

Даври чоруми озмун – даври ҷумҳуриявӣ  бо иштироки ғолибони даври сеюм то 10-уми декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь