Дирӯз, 5-уми июл, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми ифтитоҳи як фароғатгоҳи замонавӣ дар шаҳри Панҷакент ва шиносоиаш аз ин минтақа гуфт, ин фароғатгоҳ, ки “Бешазор” номгузорӣ шудааст, бо ин шукӯҳу шаҳомат ва зебоию табиаташ ҳоло дар вилоят ягона аст. Раиси вилоят ба бунёдкорони ин минтақаи маданиву фароғатӣ соҳибкорон Рустам ва Руслан Салиховҳо аҳсант гуфт.

Бародарони соҳибкор дар миёни тӯгайзор, ки дар масофаи 1км аз маркази шаҳр ҷойгир аст, ду ҳавзи шиноварӣ барои истироҳаткунандагони калонсол (занона ва мардона) ва як ҳавзи шиноварӣ барои бачаҳоро тибқи талаботи замон сохтаву мавриди истифодаи сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент қарор доданд. Ин ҳавзҳо бо майдони 22х20 дар миёни анбӯҳи бешазори соҳили чапи Зарафшон ҷойгир буда, ба гуфтаи фароғаткунандагон, барои оббозиву истироҳати мардум  дар ин фасли гармо хеле бобу роҳат аст.

Бародарон Рустам ва Руслан Салиховҳо мегӯянд, Панҷакенти бостон агарчи шаҳри  таърихиву зебоманзар аст, вале то кунун як ҷойи хуби фароғатию истироҳатӣ  надошт. Аз ин хотир онҳо тасмим гирифтанд, ки чунин фароғатгоҳи замонавии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро бунёд кунанд. Онҳо ин минтақаро, ки солиёни пеш як  гӯшаи партовӣ будаасту канори соҳили чапи дарёи Зарафшон роҳи ноҳамворук пур аз чангу хок доштааст, тӯли беш аз 8 сол обод кардаанд. Барои осон шудани равуои мардум ва сайёҳони ватаниву хориҷӣ роҳи нави кӯтоҳу замонавии қиррезишударо ба масофаи 1км бунёд кардаанд.

Дар ҳақиқат замоне ки мо бо ин роҳи кутоҳи ба тозагӣ ободшуда то “Бешазор”

омадем, дидем,ки роҳе хеле хуб тахту ҳамвор шуда, ва аз миёни теппаи иборат аз шаху сангу гил бо як маҳорату заҳмати зиёде бурридаву гузаштаи қиррези

шуда буд, ки барои равуои ронандаҳо хеле роҳату қулай буд. Чун дохили ин фароғатгоҳ мешавед мебинед, ки ин ҷо меҳмонхона ва тарабхонаи бузурге  иборат бо ҷойҳои нишасту ғурфаҳои ғайриоддии миёни табиати зебои анбӯҳи бешазорон орододашуда, ба истилоҳ  экзотикӣ, ки диққати ҳар як бинандаро на танҳо ба худ мекашад, балки бо сохти ғайри одиашон ҳар кадоме беихтиёр  моту маҳбут менамуд.

Ҳамаи ин манзараҳоро пас дидану ошно шудан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бар волидайни ин соҳибкорон,  ки модарашон Мариябону русу падарашон ошпази номии Панҷакент Мавлон Салиховҳо мебошанду ба қавли соҳибкорон бо пешниҳоду маслиҳати онҳо инҷоро бунёд намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамчунин ин соҳибкорон Рустам ва Руслан Салиховҳо дар ин рӯз ба 45 нафар кӯдаки ятими кулл як нишасти фароғатӣ ташкил намуда, аз раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода хоҳиш намуданд, ки ба ҳамаи онҳо сару либосҳои ҳадянамудаашонро пӯшонанд, ки ин амали онҳоро низ раиси вилоят кори хайру савобе арзебӣ намуд.

Шоҳин Облоқулзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь