Дар пойтахти Судон даргирӣ байн артиш ва неруҳои зудамал рух дод. Садои тирандозӣ дар чандин минтақа шунида мешуд, сутунҳои дуд намоён аст, таҷҳизоти низомиӣ дар хиёбонҳо мустақар шудааст. Неруҳои вежа муддаӣ ҳастанд, ки назорати кохи раёсати ҷумҳурӣ ва фурудгоҳро ба даст гирифтаанд.

Reuters гузориш додааст, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, таъсисоти тӯпхона ва худравҳои зиреҳпӯш дар хиёбонҳо мустақар шудаанд. Яке аз онҳо гуфтааст, ки садои тирандозии тӯпхонаи сангинро дар наздики мақари артиши Судон ва неруи зудамал (RSF) шунидааст.

Al Jazeera менависад, ки дуд дар нуқоти мухталифи шаҳр қобили мушоҳида аст ва сарбозон дар хиёбонҳо ҳузур доранд.

RSF гуфтааст, артиши кишвар яке аз пойгоҳҳои неруҳои вежа дар Хартумро муҳосира карда, аз навъҳои гуногуни силоҳ ба самти он тирандозӣ кардааст. Неруҳои вежа муддаӣ ҳастанд, ки назорати пойгоҳи Мероу дар шимоли кишвар ва ҳамчунин фурудгоҳи байналамилалии Хартумро ба даст гирифтаанд, ки дар натиҷа кори ин пойгоҳ мутаваққиф шудааст.

Намояндаи артиш низ ба навбати худ неруҳои вежаро ба ҳамла ба чанд урдугоҳи артиш дар пойтахт ва дигар минтақаҳои Судон муттаҳам кард.

Сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, дар даргириҳое, ки аз 13-уми апрел инҷониб дар Судон идома доранд, 83 нафар кушта ва беш аз 1200 нафар маҷруҳ шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь