Cуди шаҳри Санкт-Петербург оғоз намудани парвандаи ҷиноиро оид ба қазияи шаҳрванди тоҷик Зарина Юнусова ва кӯдаки панҷмоҳаи ӯ Умаралӣ Назаров, ки дар маркази тиббии ин шаҳр вафот карда буд,  рад кард.

Модари кӯдак барои вайрон кардани низоми муҳоҷират аз Русия ронда шуда буд, аммо ҳимоятгарони ӯ исрор намуданд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғайриқонуни кӯдакро аз модар ҷудо кардаанд. Намояндагони хонаводаи ҷабрдида шикояти худро ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон омода намудаанд. Дар ин бора расонаи русии «Коммерсант» хабар дод.

Шикояти мазкур нисбат ба шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Адмерал ва бар зидди Хадамоти федералии мухоҷирати Русия ирсол шудааст. Дар моҳи октябри соли 2015 полисҳо кӯдаки панҷмоҳаи Зарина Юнусоваро ғайриқонунӣ аз ӯ гирифтанд, ки як рӯз баъд дар бемористон ба ҳалокат расид. Дар полис кӯдакро ҳамчун «бе парастор мондан аз волидон» ба қайд гирифта бо ёрии таьҷилӣ ба маркази тиббии махсус барои чунин кӯдакон фиристониданд. Дар беморхона духтурон ӯро «амалан солим» гуфтанд, аммо  баьд аз чанд соат кӯдак ҳалок шуд. Модараш барои вайрон кардани низоми муҳоҷиратӣ ба суд равон карда шуда,  бо ҳукми суд аз шаҳри Петербург хориҷ карда шуд.

Моҳи ноябри соли 2015 Зарина Юнусова барои дафни писараш ба Тоҷикистон баргашт. Сабаби асосии марги кӯдакро ташхис омехташави вируси сироятии ситомеглавирус ва парагриппа шарҳ додааст. Барои гузаронидани ташхиси мустақили муайянсозии сабабҳои асосии марги кӯдак мақомоти кишвари ҷабрдида мусоидат накард. Дар прокуратура низ нисбати полис ва кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро рад карданд. Ҳуқуқшиносон Юрий Серов ва Олга Сейтлина изҳор мекунанд, ки нерӯҳои амниятӣ ҳаққи ҷудо кардани кӯдаки панҷмоҳаро аз модараш надоштанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки ҷониби ҷабрдида на ҳамаи қазияро рӯшан мекунад ва барои расидан ба адолат кӯшиш ҳам намекунад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қазия мавриди баҳс қарор гирифта, баъзе аз корбарон падари Назаралӣ Умаровро ба сустиродагӣ гунаҳкор карда, мегӯянд, ки ӯ аз чизе ҳарос дорад. Айни ҳол, мувофиқи маълумоти санҷиданашуда, модари Умаралӣ дар Тоҷикистон аст ва падараш дар Санкт-Петербург ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь