Дирӯз суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар мавриди шаҳрванди Русия Татяна Хужина барои кочоқи тангаи даврони Русияи подшоҳӣ ҳукм баровард.
Суд ӯро ба миқдори 100 нишондиҳандаи ҳисобҳо, ки баробар ба 5 000 сомонӣ аст, ҷарима кард. Айбдоркунандаи давлатӣ нисбат ба ин амали Хужина аз суд хоста буд, ки ӯро ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Адвокати айбдоршаванда Рустам Ҳакимов гуфт, ки суд фарзанди хурдсол доштани Хужинаро ба инобат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ тангаи мусодирашуда ба яке аз осорхонаҳои Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Худи Татяна аз ин қарори суд изҳори розигӣ карда, гуфт: «Аз он, ки суд бовар кард ман ин амалро қасдан иҷро накардаам ва ҳам аз он, ки ба мани фарзанди хурдсолдошта раҳм карданд, миннатдорам». Ӯ, ҳамчунин, аз ВАО ва одамони хайрхоҳе, ки дар ин рӯзҳо ӯро дастгирӣ карданд, изҳори сипос кард.
Татяна Хужина ният дорад, ки ҷаримаро дар муҳлати 10 рӯз пардохт кунад.