Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони қочоқи мошин дастгир шудааст.

Номбурда, санаи 14-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 14:00, дар дидбонгоҳи ШБДА-и ҷамотаи деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бе декларатсияи гумрукӣ ва бо тариқи қочоқ 1-адад автомашинаи тамғаи “ Toyota Camry”, соли бароришаш 2017-ум, ки арзишаш 250 000 сомониро ташкил медиҳад, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст. Гумонбаршуда аз ҳисоби насупоридани пардохти гумрукӣ ба давлат ба маблағи 75 ҳазору 115 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.

Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь