Як сокини шаҳри Хуҷанд ҳиссиёти худро зери назорат гирифтан натавониста, даст ба куштори маъшуқааш задааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.
Ин мард тахминан соати 02:00-и шаби 6-уми сентябри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштанаш, аз ҳиссиёти рашк бо маъшуқааш, зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 12-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кормандони милитсия бо доир намудани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.