Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти СOVID-19 ва риояи назорати санитарӣ вуруди мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати махсус гирифта шуд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо имкони тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд, вале мусофироне, ки аз Истанбул (Туркия) ва Кобул (Афғонистон) меоянд, аз санҷиши махсус гузашта, бояд аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд ва то муайян шудани натиҷаи тест муддати 3 рӯз дар қарантини хонагӣ нишинанд.

Барои ворид шудан ба Тоҷикистон мусофирон бояд маълумотнома дар бораи надоштани  сирояти СOVID-19 пешниҳод кунанд. Мусофироне, ки аз Русия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.

Дар сурати зарурияти омадани шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади  сафарҳои корӣ ба Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии он кишвар ё ширкатҳо бояд ба Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат шаҳрвандони зикршудаи хориҷӣ метавонанд бо истифода аз хатсайрҳои мавҷуда ва парвозҳои чартерии бо Ситод мувофиқашуда ба Тоҷикистон ворид шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь