Рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ ҳангоми басти дуюм, тахминан соати 16, боми як бинои мактаби №31 воқеъ дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки хонандагони синфҳои 6 ва 7 дар дохилаш буданд, фурӯ рафта, девори як синфхонааш чапа шудаст.

Директори маткаби мазкур Мустафо Балаҷонов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки муассисаи таълимии №31-ум 65 сол пеш, соли 1957, сохта шудаву  дар ҳолати садама қарор дошт.

Ӯ иттилоъ дод, ки ҳодисаи фурӯ рафтани боми бино ва девори синфхона ҳангоми басти дуюм соати 16 буд, ки дар дохили он  ду гуруҳ синфҳои 6 ва 7 дарс мехонданд. Омӯзгорон тавонистанд сари вақт хонандагонро бурун бароранд, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест, афзуд манбаъ.

– Биное, ки бомаш фура рафт дорои 8 синфхона буд ва барои зиёда аз 300 нафар хонанда сохта шуда, дар он хонандагони синфҳои болои аслан дарс мегирифтанд, – илова кард ӯ ва илова кард, ки аввал бом фурӯ рафт, баъд девори як синфхона чапа шуд.

Мудири шуъбаи моарифи ноҳияи Ҷомӣ Ҳасан Табаров гуфт, дар ноҳия 7 бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, вале дар назди онҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода додаанд.

Ҳоло ҳукумати ноҳия нақша дорад, бо  волидони хонандагон дар кӯтоҳтарин муҳлат дар ҷойи бинои мактабе, ки бом ва синфхонааш вайрон шудааст, 6 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода диҳад.

Айни ҳол тариқи ҳашар мардуми деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ биноро пурра хароб карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь