Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода  ба ноҳияи Хуросон омада, аз вазъи саломати сокиноне, ки ба асари як сонеҳаи нақлиётӣ захмӣ шудаанд, дидан кард.

Аснои шиносоӣ бо вазъи саломатии захмишудагон, ҳамзамон, Ғафур Муҳсинзода  бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, дар ин садамаи нақлиёттӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаву 11 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Хуросон бистарӣ шудаанд ва 1 нафарашон  бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Айни ҳол вазъи сиҳатии 3 нафари ҷароҳатбардоштагон вазнин, 6 нафар дар ҳолати муътадил  буда, 2 нафари онҳо дар ҳолати хуб аз беморхона рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо  зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, барои ташхису табобати беморони ҷароҳатбардошта, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь