Як таъом, бо ду ном.

Аввалтар аз ҳама мехостам каме дар мавриди пайдоиши биринҷ маълумот бидиҳам, то ки ба хонанда маълум гардад, ки пайдоиши таомҳои гуногун аз ин маҳсулоти биринҷӣ дар миёни қавми тоҷик аз кадом давраҳо оғоз гардидааст. Таърихшиносон бар он ақида ҳастанд, ки пайдоиши биринҷ бештар аз панҷ ҳазор сол қабл аз мелод буда ва он дар қисматҳои шарқии Чин пайдо гардидааст. Аммо бархе аз таърихшиносони дигар ақида доранд, ки биринҷ аввалин маротиба дар Ҳинд кашф гардидааст. Пас ба мо маълум мегардад, ки макони пайдоиши биринҷ ҷанубу шарқи Осиё буда ва беш аз 5 ҳазор сол таърих дорад. Паҳн гардидани биринҷ дар миёни дигар кишварҳо ба хусус Шарқи Миёна, ки яке аз минтақаҳои пешрафтаи замони худ буд, ба се ҳазор соли пеш тавассути тоҷирони чинӣ бармегардад. Тоҷикон, ки қавми шаҳрнишин ва дар саросари Шарқи Миёна ҳузур доштанд. Бо омадан ва дастрасӣ ба биринҷ, аз он хӯрокҳои гуногун омода менамуданд. Дар ҳоле, ки дар Чин ва Ҳинд аз он замон то ҳанӯз биринҷро обпаз намуда ва дар бештари мавридҳо ҳамчун нони дувум дар баробари дигар хӯрокҳо истифода менамоянд.

Имрӯз тақрибан ниме аз сайёраи замин биринҷро ба таври доимӣ ва якранг ба таври обҷӯш истифода мебаранд. Аммо тоҷикон бо таҷирибаи бостонии худ аз биринҷ, тавонистаанд, ки таомҳои гуногун омода намоянд. Яке аз ин хӯрокҳо бо номи ялама дар байни тоҷикон маълуму машҳур аст, ки онро бештар дар ҳангоми шом истеъмол менамоянд. Дар қадим яламаро тоҷикон аз биринҷ ва наск омода менамуданд. Ялама таоми гиёҳӣ ба ҳисоб мерафт. Айни замон дар баробари наску биринҷ ба он миқдоре аз донагиҳо ва сабзавот низ илова менамоянд. Ин хӯрок, хӯроки сабук буда барои саломатӣ муфид мебошад. Як чизи дигарро хотиррасон бояд намуд, ки дар баъзе аз минтақаҳо хӯроке бо номи биринҷоба ва ё ин ки шавла низ вуҷуд дорад, ки он комилан аз ялама фарқ дорад. Дар Афғонистон низ ба ҳамин монанд хӯрок бо номи шӯлаи ғурбандӣ вуҷуд дорад, ки баръакси яламаи тоҷикӣ, он бо гӯшт омода гардида, тарзи таҳияаш низ фарқ мекунад. Ялама хӯроки бостонии тоҷикон ба ҳисоб рафта, таърихи пайдоиши он ба беш аз ду ҳазорсоли пеш бармегардад. Тибқи нишонаҳои мавҷуд буда, Ялама аввалин маротиба дар Шарқи Миёна пайдо гардидааст. Далели ин гуфтаҳо дар он аст, ки ба ҳамин монанд хӯрок яъне, яламаи тоҷикӣ танҳо дар Шарқи Миёна аз ҷумла; Ироқ, Сурия, Урдун, Лубнон ва Исроилу Фаластин вуҷуд дорад. Номи ин хӯрок “муҷаддара” буда, бештар мардумони ин минтақа аз ҷумла, яҳудиён ва арабҳо онро омода ва истеъмол менамоянд. Баъзе аз кишварҳои арабӣ онро “мудардара” низ мегӯянд. Тарзи омода кардан ва маҳсулоти “муҷаддара” дар Шарқи Миёна айнан ба мисоли яламаи тоҷикӣ аст. Мардумони Шарқи Миёна бештар бар он бовар ҳастанд, ки ин хӯрок аз давраҳои қадим дар ин минтақа вуҷуд дошт ва онро мардумони бумии ин макон ва кишварҳои баҳри Миёназамин истеъмол менамуданд. Мардумони ин минтақа бовар доранд, ки “муҷаддара” ё ин ки ҳамон яламаи тоҷикӣ хӯроки миллии мардумони ин минтақа мебошад. Мардумони ин манотиқ “муҷаддара”-ро аз пиёз, биринҷ ва наск омода намуда бо маҳсулоҳои ширӣ ба монанди чака ва ё ин ки ҷурғоти тоҷикӣ истеъмол менамоянд. Тоҷикон низ ин хӯрокро, ки ялама мегӯянд дар баъзе аз деҳаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон айнан аз ҳамин маҳсулотҳо ва бо ҳамон тарзи кӯҳан омода менамоянд ва бо ҳамон равиши қадима бо чакаю ҷурғот истеъмол мекунанд. Ялама хӯроки сабук ба ҳисоб рафта, айни замон бисёр серғизо низ гуфта мешавад. Мутаассифона, айни замон яламаи тоҷикӣ ё ин ки ҳамон “муҷаддара”-и шарқи миёназамин хеле кам мавриди истифодаи мардум қарор мегирад чи дар Тоҷикистон ва чи дар Шарқи Миёназамин. Дар асри имрӯз бо пайдо гардидани хӯрокҳои гуногун аз ҷумла хӯрокҳои тезтайёру носолим, хӯрокҳои бостонии тоҷикон низ мавриди таваҷҷуҳи камтар қарор мегиранд, ки ин боис ба фаромӯш шудани хӯрокҳои қадима мегардад. Ин бетаваҷҷуҳӣ аз он сабаб аст, ки мо аз таърихи хӯрокҳои миллии худамон бехабар ҳастем.

Агар мо таърих ва пайдоиши таомҳои мардумии худамонро донем ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ намесупорем. Яламаи тоҷикӣ далолат аз он мекунад, ки қавми тоҷик ҳазорсолаҳо таърих дошта, дорои таомҳои гуногуни қадимаи худ мебошад. Вуҷуди яламаи тоҷикӣ ва “муҷаддара”-и шарқи миёназамин гувоҳи аз он медиҳад, ки замоне тоҷикон низ дар Шарқи Миёназамин зуҳур доштанд. Ягонагии хӯрокҳо дар байни тоҷикон ва мардумони атрофи баҳри Миёназамин далолат бар он мекунад, ки қавми тоҷик яке аз қадимтарин мардумони сайёраи замин буда, дар шаклгирии фарҳангҳои гуногун саҳми босазои худро гузоштааст. Вуҷуди хӯроки ялама дар байни қавми тоҷик ва “муҷаддара”-и кишварҳои баҳри Миёназамин далолат бар он мекунанд, ки қавми тоҷик дар водиҳои паҳновар аз Шарқи Миёназамин то Самарқанду Бухоро зиндагонӣ намуда, дар рушду нумӯи фарҳангҳои гуногун саҳмгузор будааст. Мутаассифона, бо ҳуҷуми аҷнабиён ба сарзаминҳои ободгардонидаи мардуми тоҷик, онҳо ба хотири ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллии худ ба кӯҳҳо паноҳ бурданд. Яке аз далелҳои возеҳу равшан дар мавриди қадимӣ будани қавми тоҷик ин хӯроку анъанаҳои миллии онҳо мебошад, ки хушбахтона то ба имрӯз ҳифз гардидаанд. Яке аз далелҳо, ин вуҷуди таоме мебошад, ки бо ду ном Ялама ва “Муҷаддара” то ба имрӯз дар ду минтақаи аз ҳам дур вуҷуд дорад. Дар кӯҳистони дур аз водиҳо умр ба сар бурдани тоҷикон нишондиҳандаи он нест, ки тоҷикон аз азал дар ин кӯҳҳои дурдаст мезистанд. Тоҷикон, ки дар водиҳои паҳновари Шарқи Миёназамин, Хуросони бузург ва Бухорою Самарқанди сайқали рӯи замин кору зиндагӣ менамуданд, аз тарси он ки аз ҷониби аҷнабиён кушта нашаванд, фирор ба кӯҳистонҳо намуданд. Тоҷикон дар баробари фирор ва сахтиҳои зиёд дар кӯҳҳо, тавонистаанд, ки аз хӯрокҳои миллии худ низ ҳифозат кунанд ва онҳоро ба наслҳои баъдӣ интиқол диҳанд. Далели дигари муқимӣ будани тоҷикон дар водиҳо ва ба хусус дар Шарқи Миёназамин ин вуҷуди таомҳое ҳаст, ки ҳам дар байни тоҷикон ва ҳам дар Шарқи Миёназамин то ба имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Барои мисол дар байни тоҷикон навъи нони хурде вуҷуд дорад, ки онро кулча мегӯянд. Дар байни мардуми сарзаминҳои имрӯзаи Ироқ низ нони хурди ширине (қаннодӣ) ҳаст, ки онро “клича” мегӯянд. Пас маълум мегардад, ки кулча ва “клича” аз як реша сарчашма мегиранд. Инчунин нони хушмазаи бо равған, ки онро тоҷикон фатир мегӯянд, дар шаклҳои гуногун дар байни тоҷикон омода карда мешавад. Дар баъзе аз деҳаҳои дурдасти тоҷикнишини Тоҷикистон фатирро бо пораҳои бирёншудаи равғани думбаи гӯсфанд омода месозанд ва онро “фатири ҷизакӣ” мегӯянд. Ҳамчунин тоҷикон дар фасли баҳор фатирро бо як навъ гиёҳи кӯҳӣ бо номи сиёҳалаф омода мекунанд, ки онро “фатири ҷоҷӣ” меноманд. Ба ҳамин монанд дар Шарқи Миёназамин, бахусус дар байни фаластиниён нони ширини ҳаҷман хурд ва ҳамчунин дар шакли секунҷа, вуҷуд дорад, ки онро “фатойир” мегӯянд ва дар баъзе мавридҳо ба дохили он гиёҳҳои табиӣ низ илова мекунанд. Ин нишонаҳо далолат аз он мекунанд, ки тоҷикон замоне дар ин сарзаминҳои дур низ зиндагонӣ менамудаанд ва ҳангоми муҳоҷиратҳои иҷборӣ, хӯрокҳои миллии худро бо ҳамон ному бо ҳамон тарз, ки буд бо худ бурдаанд. Вуҷуди ин хӯрокҳо метавонад дар кашфи таърихи қадим ва кӯҳани тоҷикон мусоидат намояд. Дар аксари мавридҳо, анъанаҳои кӯҳани мардум, аз ҷумла, хӯрок ва либоси миллӣ, боис ба кашфи аҷдодони халқияту миллатҳои гуногун мегардад.

Ҳотам ФАЙЗУЛЛОЕВ,

адиб ва муҳаққиқ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь