Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сохтмони аввалин биноҳои истмқоматии баландошиёнаи 8ва 9-оиёна идома дорад.

Дар маркази ноҳияи Вахш дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар сохтмони ду бинои истмқоматии 8 ва 9-ошёна идома дорад. Дар ин бора Ҷамолиддин Хоҷаев, иҷрокунандаи вазифаи сармеъмори ноҳия, иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, инҳо аввалин биноҳои баландошёна дар ноҳияи Вахш мебошанд, зеро то ин ҷониб дар ноҳия танҳо биноҳои 4-ошёна ва он ҳам аз солҳои пеш буданд.

Номбурда авфзуд, дар назар аст, ки ҳардуи бино то соли 2026-ум мавриди истифода қарор дода шаванд.

Ҳамчунин, дар нақша аст, ки дар маркази ноҳия боз се бинои баландошёнаи аз 5 то 9-ошёна бунёд карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь