Дирӯз дар Душанбе маросими баимзорасонии Ёддошти ҳамкории ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2019 баргузор гашт, ки тибқи ҳуҷҷати мазкур, ширкати ҳавопаймоии“Сомон Эйр” мақоми худро ҳамчун сарпарасти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Дар доираи сарпарастӣ дар соли 2018 ширкати ҳавопаймоӣ 440 варзишгарро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ интиқол додааст.

Дар суханронии худ директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев чунин иброз дошт: «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр” ҳамеша кӯшиш мекунад, ки рушди соҳаи варзишро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки варзиш дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисми руҳи солим, инчунин мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ, ташвиқи арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама ба таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад. Мо ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки барои солимгардонии ҷомеа ва тарбияи ҷисмониву руҳии насли ҷавон чунин хизмати шоён мекунад, миннатдории худро иброз медорем. Футбол дар кишвари мо аз маҳбубтарин намуди варзиш аст ва мо имрӯз шоҳиди он гардида истодаем, ки футболи тоҷик аз нав эҳё мегардад. Қобили қайд аст, ки ба туфайли иқдомҳои Федератсия дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеи худро дар рейтинги ФИФА хело ҳам беҳтар кардааст, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бошад ба Қаҳрамонии ҷаҳон 2019 роҳхат гирифт».

Дар навбати худ ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷураев дар суханронии худ ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ миннатдории Федератсияро барои рушди футболи тоҷик иброз намуда, қайд намуд, ки саҳми ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар баромадани мунтахаби наврасони ҶТ ба Қаҳрамонии ҷаҳон (U-16) низ беандоза мебошад.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь