Хуруҷи бемории коронавирус шуруъ аз моҳи январи соли 2020 дар қалби сокинони саросари дунё таҳлука ва тарсу ҳаросро ворид кард. Иқтисодиёти ҷаҳон зарбаи сахт дид. Роҳҳо баста гардиданд. Дар содироту воридоти маҳсулот маҳдудият ҷорӣ шуд. Туризми дохилву беруни зиёни  зиёд дид.

Дар дунё то имрӯз ҳуҳуди 17,5 миллион нафар ба ин вирус гирифтор гардиданд. Чанд рӯзи охир дар  давлатҳои Бразилияву Ҳиндустон ва мамлакатҳои қитъаи Амрикои Лотинӣ миқдори бештарини гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон нахустин мавриди гирифторӣ ба коронавирус 30-юми апрел ба қайд гирифта шуда буд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ то имрӯз миқдори мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 7706 нафар баробар гардида, 6484 тан аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори ҳалокгардидагон 62 кас мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо корнавирус ва Вазорати тандустӣ аз шаҳрвандони кишвар дархост кардаанд, то аз ниқоб истифода карда, ҳангоми гаштугузор фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Тоҷикистон қонунеро низ ба тавсим расонд, ки мутобиқи он аз 7-уми июл афроде, ки бе ниқоб гаштугузор мекунанд, ҷарима мешаванд.

МТЖТ тасмим гирифт, ки дар робита ба бастани ниқоб ва дигар тадбирҳои пешгирикунанда барои гирифтор нашудан ба вируси COVID-19, бо сокинони шаҳри Душанбе суҳбати сарироҳие анҷом дода, назари онҳоро пурсон шавад.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки то имрӯз касеро барои набастани ниқоб ҷарима накардааст. Ҳоло танҳо мардум огоҳ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд.

Маҳкамзода Маҳкам,

Ҳасан Ёров,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь