Бар асари таркиши мошини ҳомили газ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ” (пештара “Умед-88”) воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар, (ҳамшафат бо ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) боми як бинои нуҳошёна зарар дидааст. Бинои мазкур рақами 8 буда, дар маҳаллаи Испечак-2, М-16, қариб дусад метр дуртар аз маҳалли ҳодиса ҷойгир аст. Сокинон дар суҳбат ба “Фараж”гуфтанд, пас аз таркиши бузурге, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рух дод, онҳо садои баланди бархӯрдро дар болои боми бинояшон эҳсос карданд.

– Ман дар ошёнаи 9-ум зиндагӣ мекунам ва садои афтидани ашёро бештар эҳсос кардам. Ҳаво ҳоло торик нашуда буд, болои бом баромадам. Он ҷо як оҳанеро, ки қариб 20 килограмм вазн дорад, дидам. Он ба қисме аз мошини интиқоли газ шабоҳат дорад. Оҳан ба девори бетонии бом бархӯрда, онро корношоям ва ба афтидан моил кардааст, ки ба ҷони одамони поён хатар дорад, – гуфт Маҳмадулло, сокини бино.

Сокини дигари бино Абдурозиқ Олимов, ки дар ошёнаи аввал зиндагӣ дорад ва хатарро бештар ба ҷони пайвандонаш эҳсос мекунад, гуфт, рӯзи дигар деворро симпеч кардаанд, аммо рафъи хатарро кафолат намедиҳанд.

Раиси идораи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и рақами 114 Суҳроб Раҳматов, ки корхона ба ин минтақа хизмати коммуналӣ мерасонад, дар тамоси телефонӣ гуфт, аз ҳодиса хабар надорад.

– Ҳозир кормандонро мефиристем, вазъиятро мебинанд ва ҳатман дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбута чора андешида хоҳад шуд, – гуфт С. Раҳматов.

Ёдовар мешавем, ки  шоми шанбе, 1-уми май нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Мақомот аз нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ” ном бурда, гуфтанд, ки он ба соҳибкор Розиқов Эҳсонҷон, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад.

КҲФ мегӯяд, ки сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти марбута санҷидаву таҳлил мешавад, аммо ВКД соати 23: 21 дақиқаи шаби оташсӯзии 1-уми май хабар дод, ки ҳодиса “бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” ба амал омадааст.

“Бар асари ҳодиса масоҳати 90 метри мураббаъи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сӯзишвориро оташ фаро гирифта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд”, – навиштааст ВКД.

Ин дар ҳолест, ки шоҳидони ҳол ба “Фараж” гуфтанд, сӯхтор дар нуқтаи сӯзишворӣ ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз мошини ҳомили газ рух додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь