Дар шимоли кишвар ду нафар даст ба тақаллуб зада, бо роҳи ғайриқонунӣ барои воситаҳои нақлиёт шиносномаи муоинаи техникӣ омода мекарданд, ки ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афтоданд.

Кормандони шуъбачаи муоинаи техникии ШБДА вилояти Суғд маълумоти моҳияти оперативидоштаро дар хусуси сохтакорӣ кардани шиносномаи муоинаи техникии нақлиёт аз ҷониби ду нафар сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳрвандон Маҳкамов Парвиз Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996 ва Кенҷаев Дадочон Домуллоевич, соли таваллудаш 1988-ро ба кормандони оперативии ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вогузоштанд, ки дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ ҷо доштани ин тақаллуб тасдиқ ёфт ва предметҳое, ки ба воситаи онҳо ҳуҷҷат сохтакорӣ мешуд, мусодира гардид.

Гумонбаршудаҳо бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ҳуҷҷатҳои кафолатдиҳанда вобаста ба ҳолати техникии нақлиёт, аз ҷумла, шиносномаи муоинаи техникиро сохтакорӣ ва аз фурӯши он маблағи пулӣ ба даст меоварданд.

Зимни чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки Парвиз Махкамови барномасоз омода сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба уҳда дошт, шарики ҷиноятии ӯ Дадоҷон Кенҷаев ронандагони аз ҳамингуна хизматрасонии ғайриқонунӣ истифодабарандаро роҳнамоӣ карда, мизоҷ ҷамъ мекард. Гуфта мешавад, ки ҳар як шиносномаи қалбакиро онҳо бо арзиши 500 сомонӣ мефурӯхтанд, дар ҳоле ки барои гузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ бояд аз 1000 сомонӣ боло сарф кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь