Бо наздик шудани иди Рамазон  дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон   аз сабзавот то меваҷоту маҳсулоти хӯрокворӣ, қанду донагӣ,  шинини,  тухм ва либоса нархашон  боло рафта, нигаронии аксар сокинонро ба бор овардааст.

Сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон агарчи аз омодани иди  Рамазон шод шуда бошанд ҳам, вале муттаассифона шиква аз он доранд, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввалро фурушандаҳо  қимат шудааст.

Бояд гуфт, ки сокинон низ   худ дар боло бурдани нархҳои бозор айбдоранд, зеро фурушандагон чи қадаре, ки  нархо маҳсулотро гуянд онҳо мехаранд. Сокинони азиз, аз зиёдаравӣ ва дастархони бо ҳашамат худдорӣ кунед, то соҳибкорон низ нархҳоро баланд накунанд.

Агар қабл аз Рамазон нархи  як кило гӯшт 65  сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он ба ивази 73-75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамин гуна, қимати пиёзу картошка, сабзӣ, бодирингу помидор, мева  ва дигар намуди сабзавот дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хеле боло рафтааст.

Чунин ба назар мерасад, ки баъзе соҳибкорон ба хотири ба даст овардани суди молиявии бештар ба таври сунъӣ нархи маводи ғизоиро дар ин моҳ боло мебаранд.

Ашурмо Музфарова, зани солхӯрдаро дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар вохӯрдем, ки бо алам мегуфт: “Дар иди  Рамазон ин соҳибкорони мо инсофашонро аз даст додаанд, зеро нархи гӯшт, орд, равған, қанду шакар, пиёзу картошка ва ҳатто сабзиро низ хеле қимат кардаанд”.

Маҳмадхӯҷа, истиқоматкунандаи дигари вилоят, мегӯяд, “пеш иди Рамазон як каме арзонтар буд нархҳо. Ҳатто матоъ ва дигар маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ҳам акнун гаронарзиш шудааст”.

Ҳуснигул Ҳакимова, харидори дигаре дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар, низ гуфт «ҳоло қассобон медонанд, ки дар иди Рамазон ҳама кӯшиш мекунад  гӯшт харанд,  нархи онро боло бурдаанд.

Зимни суҳбат чанде аз соҳибкорони  дар бозорҳои вилоят гуфтанд, ки мо молро аз боло бо нархи қимат мегиранд, маҷбуранд, бо ин нарх фурушанд, то фоида ба даст оранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь