Ганҷина Юсупова ва Холнисо Убайдуллоева нахустин бор аст, ба кор машғул шудаанд. То ин вақт хонашин буданду дастнигари бародарону падаронашон буданд, аммо ҳоло соҳиби касбу кор ҳастанд ва соҳиби зиндагии худашон шуданд.

Мисли Ганҷинаю Холнисо 30 зани дигар аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатии Mаҳаллаи “Гулханӣ”-и ҷамоати деҳоти шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор соҳиби касб шудаанду 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ҳамаи ин беҳбудӣ дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ барои кам кардани оқибатҳои манфии пандемии COVID 19” роҳандозӣ шудааст. Яке аз бартариҳои ин лоиҳа дар он аст, ки дар самти соҳибкории иҷтимоӣ дар лоиҳаи мазкур ҳам ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳам давлатӣ ва ҳамчунин худи ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шарвандон, худи гуруҳҳои осебпазир тайёр ҳастанд, ки мушкилоти худашонро ҳал кунанд, ки ин нишонаи устувории лоиҳа мебошад.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Институти “Ҷамъияти кушоди бунёди мадад дар Тоҷикистон» аз тарафи Ташкилоти Ҷамъиятии ҷумхуриявии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” амалӣ мешавад.

Шаҳноз Комилзода,

Тафсилоти бештари ин мавзуъро метавонед дар навори зер тамошо кунед:

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь