Фарсудагии бинои марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дар мактабу хирманҷо ҷой гирифтани бунгоҳҳо ва норасоии мутахассисон масъулони Кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) ноҳияи Дӯстиро нигарон кардаст.

Роҳбари КАТС-и ноҳияи мазкур Бозор Шарипов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки бинои маркази саломатии ноҳия ҳанӯз соли соли 1981 сохта шуда, ба талабот ҷавобгӯ нест, зеро бино ба таъмири асоси ниёз дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмири ин марказ ба ҳукумати ноҳия, Раёсати тандурстии вилоят, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораи сармоягузории ҷумҳурӣ муроҷиат шудааст ва ҳатто муовини вазири тандурустӣ Абдусаломзода аз вазъи бино огоҳ будааст.

– Тибқи ҳисобҳои пешакӣ барои таъмири маркази саломатии ноҳиявӣ 7,5 миллион сомонӣ лозим аст. Ҳамчуни,н дар барномаи Рушди иҷтимомии ноҳия ин марказ ворид шудааст, аммо ҳукумати ноҳия имкони таъмири асосии онро надорад, – илова кард номбурда.

Ин шахси масъул гуфт, дар ин бинои таъмирталаб айни замон беш аз 40 нафар  табиб ва ҳамшираи шафқат ба сокинони ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

Манбаъ афзуд, ки мушкили дигар дар ноҳияи Дӯстӣ дар макони ғайр ҷойгир будани се бунгоҳи тиббӣ – ду адад дар мактаб ва яки дигар дар хирманҷо – аст, ки онҳо ба талобот ҷавобгӯ нгестанд.  Ҳамчунин, 4 бунгоҳи тиббӣ ва ду маркази саломатӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Зикр шуд, ки мушкили дигар ин норасоии 16 мутахассис аст, ки аз ин вазъ ҳармоҳа ба сохторҳои болоӣ маълумот дода мешавад. Норасоии духтурон дар тибии оилавӣ (10 нафар),  духтури кӯдакон, чашмпизишк, сироятшинос, анколог ва дигар бахшҳо ба назар мерасад.

Бозор Шарипов бо нигаронӣ қайд кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ  8 нафар духтури КАТС-и ноҳия корро бас кардаву ба Русия рафтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь