Ба гуфти масъулони Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар  соҳаи маориф 100 дарсад ба тирамоҳу зимистони имсола омода шудааст. Аммо аз мушоҳидаҳои мо нақшаи ҳезум то кунун на дар ҳама муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр пурра таъмин  гардидааст.

Як масъули Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ҳоло дар анборҳои муассисаҳои таълимию томактабӣ  306 тонна ангишт ва 290 куб ҳезум захира карда шудааст, ки ин 100 дарсади тақаши зимистонгузарониро ташкил медиҳад. Нақшаи сӯзишвори дизели  290 литр мебошад, ки аз нуқтаҳои фуруш тариқи шартнома дар вақти лозима гирифта мешавад.

Аз Раёсати молияи шаҳри Бохтар  хабар доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр барои харидории маводи сухт  419 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин 113 ҳазораш  барои хариди ҳезум аст, ки пурра маблағгузорӣ гардидааст.

Аммо мо аз чанд муассисаи таълими ва томактабӣ дидан кардем, ки ба гуфти масъулони онҳо нақшаи ангишт пурра иҷро гардидааст, аммо нақшаи захираи ҳезум ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бояд то якуми октябр  муассисаҳои соҳаи маориф ба зимистон омода мешуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь