Дар гузориши Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP), ки аввали ҳафта нашр шуд, гуфта мешавад, суқути низоми бонкӣ дар Афғонистон хисороти бузурги иқтисодӣ ва пайомадҳои густурдаи иҷтимоӣ дар пай хоҳад дошт.

Дар гузориш омадааст, ҳар қадар таъхир дар эҳёи низоми молӣ ва бонкии Афғонистон тӯлонӣ бошад, марҳилаи эҳё ба далели аз байн рафтани эътимод ба бозори байналмилалӣ ҳамон қадар бештар хоҳад буд.

Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP) дар гузориши худ ояндаи низоми бонкӣ дар Афғонистонро душвор арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки шояд даҳсолаҳо тӯл кашад. Ин ниҳод даъват кардааст, ҳадди ақалл як бахши тиҷоратии низоми бонкии ин кишварро барои ироаи кумакҳои башардӯстона дастгирӣ кунад.

Бо хуруҷи саросемагии нирӯҳои таҳти раҳбарии НАТО аз Афғонистон дар соли ҷорӣ Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон) нахуст қисматҳои бузурги ин кишварро таҳти назорат гирифта, рӯзи 15 август бидуни даргириҳои мусаллаҳона вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст оварданд.

Ҳамзамон кишварҳои донор кумакҳои молӣ ва рушди худро ба Афғонистон мутаваққиф карданд ва беш аз 9 миллиард доллар захираи асъори Бонки марказии Афғонистон масдуд ва интиқоли пул тавассути системаи Swift боз дошта шуд.

Аз он вақт инҷониб доллар ба Афғонистон мунтазам фиристода намешавад, ки ин боиси бӯҳрони пардохтпазирӣ гардид. Мардум метавонанд аз суратҳисобҳои бонкии худ ба андозаи маҳдуд пул бигиранд ва бонкҳо дигар ба касе қарз намедиҳанд.

Тибқи маълумоти Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид, ҳаҷми пуле, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ гузошта шудааст, коҳиш ёфта, нисбат ба соли 2020 тақрибан 40% кам шудааст. Илова бар ин, дар бозори нисбатан хурди молиявӣ, шумори афроди қарздор аз 30 дарсад дар охири соли 2020 то 57 дарсад дар моҳи сентябри соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки мушкилоти низоми бонкӣ дар Афғонистон бар изофаи фурӯпошии иқтисод ба коҳиши зиндагонии корхонаҳои хурду миёна, ки барои мардуми ин кишвар ҳаётан муҳим аст, идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь