Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро бо 14 раъйи ҷонибдор ва ҳеҷ кас зидди он тасвиб кард.
Русия, ки узви вето дар Шурои амният аст, ба хотири монеъ нашудани тасвиби ин қатънома, ки аз сӯи Амрико пешниҳод шуда буд, аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард.
Ин қатънома, ки бори нахуст аз сӯи президенти Амрико Ҷо Байден пешниҳод шуда буд, аз ҳарду ҷониби даргириҳо дар Ғазза даъват мекунад, ки ба ҷанги 8-моҳа фавран хотима диҳанд ва қадам ба қадам барои расидан ба оташбаси доимӣ амал кунанд.
Ин қатънома, ки аз ибтидо то ба эътидол овардани оташбас се марҳиларо зина ба зина баррасӣ кардааст, дар марҳилаи аввал табодули гаравгонҳо ва асирони фаластиниро ҳамзамон бо истиқрори оташбаси муваққат тақозо кардааст.
Тибқи матни ин қатъномае, ки Иёлоти Муттаҳида омода кардааст ва бори аввал Ҷо Байден 10 рӯз пеш эълон карда буд, марҳилаи дуюми ин қатънома “хатми доимии ҷангу низоъҳо”-ро дар бар мегирад, ки бояд ҳамзамон бо аз Ғазза пурра баровардани артиши Исроил иҷро шавад.
Марҳилаи сеюм ба нақшаи дарозмуддати ояндаи минтақа, аз ҷумла оғози нақшаи бисёрсолаи барқарорсозии Ғазза нигаронида шудааст.
Дар ҳоле ки Ҳамос то ҳол посухи расмии худро ба пешниҳоди Амрико надодааст, Самӣ Абу Заҳрӣ, як раҳбари саршиноси Ҳамос, рӯзи душанбе аз Амрико хост, ба Исроил барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза фишор оварад.