Сиёсатмадори ғайриҳизбӣ Наташа Пирс Мусар президенти  Словения интихоб шуд.

Даври дуюми овоздиҳӣ рӯзи якшанбе баргузор шуд. Тибқи иттилои  расмӣ, ки нашр шуд, 99,99% маълумоти қитъаҳои интихоботӣ ҳисоб карда шудаанд.

Ба тарафдории Пирк Мусори 54-сола 53,86 дарсади интихобкунандагон, ба рақиби ӯ, роҳбари пешини вазорати корҳои хориҷӣ Анҷе Логари 46-сола 46,14% овоз доданд. Тибқи иттилои расмӣ, 53 дарсади раъйдиҳандагон иштирок доштанд.

Натиҷаҳои ниҳоӣ то 29-уми ноябр маълум хоҳанд шуд.

Президент 23-юми декабри соли равон, баъди ба охир расидани ваколати сарвари феълии давлат Борут Пахор, ба кор шуруъ мекунад. Вай ду муддат дар курсии президентӣ кор кард ва мувофики конститутсия бори сеюм номзадии худро пешбарӣ карда натавонист.

Ваколатҳои президенти Словения бештар ташрифотӣ аст. Сарвари давлат инчунин сарфармондеҳи олӣ буда, қонунҳои аз ҷониби парламент тасвибшударо эълон мекунад, метавонад мансабҳои муайянро таъйин ва санаи интихоботи палатаи поёнии парлумонро муайян кунад. Президент ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь