Имрӯз раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба гузариши пардохтҳои ғайринақдӣ зикр кард, ки ин фармон бояд иҷро шавад, на мавриди омӯзишу муҳокима қарор гирад.

– Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ танбашавӣ дар назди банкоматҳоро аз байн мебарад. Истифодабарандагони барномаи “Амонат Мобайл” рӯз то рӯз зиёд мешаванд, – изҳор дошт раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”.

Барномаи «Амонат Мобайл» хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонкиро аз ҷумла, пардохтҳои андоз, комммуналӣ, интиқоли маблағҳо тавассути кортҳо, пардохти қарз, идоракунии фосилавии суратҳисобҳои шахсӣ, ҳамёни электронӣ, пардохт тавассути QR-рамз ва ҳамгироиро бо иқтидорҳои иттилооотии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин мекунад. Дар ин давра шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ ба 391 115 расид.

Пайвасткунии барномаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба хизматрасонии Интернетбонк роҳандозӣ шуда, айни ҳол 8 044  корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд. Барнома ба сармуҳосибон ва масъулини корхонаҳою ташкилотҳо имконияти бо таври фосилавӣ (онлайн) гузаронидани супоришномаҳои пардохтӣ ва музди корро фароҳам меоварад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь