Ин филм дар бораи устоду шогирд – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ офарида хоҳад шуд. Дар бораи муҳокимаи ин лоиҳа миёни синамогарони ду кишвар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқоти онлайнӣ баргузор гардид. Дар он аз ҳарду ҷониб арбобони синамо, олимон ва нависандагон ширкат карданд.

Директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раҳбари муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён зимни суханрониҳо дар бораи аҳамияти оламшумули ин лоиҳа ва нақшаҳои оянда ибрози назар намуданд.

Тавре дар ин мулоқот таъкид гардид, зимни ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 10-11 июни соли равон вай дар баробари масъалаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ривоҷи робитаҳои фарҳангӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Дар аснои ин сафар филми ҳунарии “Илҳоқ”, филмҳои мустанади “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Дар зери як осмон” ва “Дили халқ” намоиш дода шуданд ва аз тарафи муштариёни соҳаи кино дар Тоҷикистон хеле гарм пазироӣ гардиданд.

Тавре дар ҷараёни ташрифи худ Шавкат Мирзиёев боз қайд намудааст, рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон хеле муваффақона анҷом пазируфт. “Вақти он расидааст, ки дар бораи дӯстии алломаҳои бузурги ду халқ-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ филми муштарак офарида шавад”, гуфт сарвари давлати Ӯзбекистон. Аз ин пешниҳод раҳбари давлати Тоҷикистон комилан ҷонибдорӣ кард.

Дар мулоқоти онлайнӣ маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Зеро дар бораи дӯстиву рафоқат ва муносибатҳои неку самимии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ асарҳои зиёди илмӣ ва бадеӣ таълиф шудаанд. Ҳамзамон якчанд филми мустанад ба навор бардошта шудааст. Бо вуҷуди ин то кунун дар бораи дӯстии ин ду мутафаккири бузург асарҳои саҳнавӣ ва синамоӣ офарида нашудаанд.

Интизор меравад, ки барои офариниши чунин филми муштарак доир ба мавзӯъ аз манбаҳои таърихӣ, илмӣ ва адабӣ мавод ҷамъоварӣ ва мунтахаб мегардад.

Ба ақидаи иштирокчиёни мулоқот дар тимсоли ду алломаи бузурги мардуми тоҷик ва ӯзбек, ки риштаҳои хешутаборӣ ва дӯстиву рафоқати миёни ин ду халқро беш аз пеш таҳким бахшидаву онро густариш додаанд,  таваҷҷӯҳ намудан кори басо неку савоб хоҳад буд.

Дар ин мулоқот иштирокчиёни он  ба чунин натиҷа расиданд, ки барои гирдоварии мавод ва адабиёти лозима, интихоби он як гурӯҳи эҷодӣ бояд таъсис ёбад. Баъд бар асоси ин мавод синамогарони тоҷик ва ӯзбек сенария меофаранд ва коргардонҳо ва ҳунармандонро муайян месозанд.

Чунин натиҷа ҳосил шуд, ки барои амалӣ шудани нақшаҳо, ҳамчунин назорати қатъии раванди кор намояндагони синамои ду кишвар ҳар ҳафта бо ҳамдигар мулоқоти онлайнӣ баргузор мекунанд.

Дар пайи ин гуфтугузор синамогарони ду кишвар дар бораи ба навор бардоштани филмҳои “Ситораи номаълум” ва “Сангҳо ва об” мубодилаи афкор намуданд.

– Ин мулоқоте буд, ки бори нахуст баргузор гардид. Умедворам, ки ҳамкориҳо дар соҳаи синамо дар миёни ду кишвар дубора эҳё гардидаву натиҷаҳои хеле босамарро ба бор хоҳад овард,-гуфт олими Навоишунос ва доктори фалсафа Олимҷон Давлатов.

Вай афзуд, ки пешниҳоди сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи офариниши ин филм барои рушду ривоҷи ҳамкориҳои синамогарони тоҷику ӯзбек хеле мусоидат хоҳад намуд.

Ногуфта намонад, ки дар ду даҳсолаи охир ин аввалин мулоқоти доманфарохи синамогарони ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь