Мутахассисони ширкати “Максим” маълумоти ронандагонеро, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо ин хадамот ҳамкорӣ мекунанд, таҳлил намуда, симои ронандаи муқаррарии таксиро тасвир кардаанд.
Фирдавс – чунин аст номи аз ҳама маъмултарин дар байни ронандагони таксӣ дар Тоҷикистон. 1,4% ронандагони таксӣ чунин ном доранд. Фаррух дар ҷои дуюм буда, 1,2% ронандагони таксӣ соҳиби чунин номанд. 1,1% ронандагони таксӣ Алишер ном доранд. Ба даҳгонаи номҳои аз ҳама маъмултарин Шуҳрат, Бахтиёр, Хуршед, Далер, Парвиз, Баҳодур ва Рустам низ дохил мешаванд.
Бештар дар таксӣ ҷавонони аз 21 то 35-сола кор мекунанд, ки онҳо 74% аз теъдоди умумии ронандагони таксиро ташкил медиҳанд. Теъдоди ронандагони аз 36 то 45-сола кам, ҳамагӣ 17% аст. Ҳиссаи ронандагони то 65-сола 5 дарсад аст.
Аксар ронандагони таксӣ бо мошинҳои шахсии худ кор мекунанд, ки бештар автомобилҳои санҷидашудаи тамғаи хориҷӣ мебошанд. Ҷои аввалро Opel Astra ишғол намудааст, ки бо он 31% аз теъдоди умумии ронандагони таксӣ фармоишҳоро иҷро мекунанд. Mercedes C-class ба сифати автомобили таксӣ камтар истифода бурда мешавад, ки 18% ронандагони таксӣ онро меписанданд. Дар ҷои сеюм Opel Zafira қарор дорад, ки 11% ронандагони таксӣ онро интихоб кардаанд. Ба қатори автомобилҳои аз ҳама маъмултарин Opel Vectra, Mercedes E-class, Toyota Corolla, Daewoo Lacetti, Toyota Camry, Hyundai Sonata ва Daewoo Nexia низ дохил мешаванд.
Ин омор дар асоси маълумот аз ду шаҳри калони Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд таҳия шудааст.
Ҳамин тавр, агар дар Тоҷикистон таксиро фармоиш диҳед, ба эҳтимоли зиёд ронандаи ҷавони то 35-сола бо номи Фирдавс савори автомобили Opel Astra барои иҷрои фармоиш меояд.