Дар бораи пирӯзии Гулнора Каримова хабаргузориҳои зиёд иттилоъ пахш кардаанд. Гуфта мешавад, духтарбузурги президенти марҳуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ҳуқуқ пайдо кард, ки 350 миллион доллари амрикоии худро баргардонад.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо додгоҳи федералии шикояти Швейтсария бо содири ҳукми худ баргардонидани маблағҳоеро қонеъ кардааст, ки тибқи парвандаи ҷиноии соли 2018 дар суратҳисоби бонкии ин кишвар ҳабс кунонида шудаанд.

Бо қарори додгоҳи федералии шикоят даъвои Гулнора Кримова дар бораи бенефитсиари ширкати  «Takilant Ltd»-и Гибралтар будани вай қонеъ гардонида шуд.

Дар баробари ин, додгоҳ бо қарори худ як нафар шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки гуфта мешавад аз номи Гулнора Каримова ҳуҷҷатҳои сохта тартиб додааст, ҳукм содир намуд ва ӯро айбдор донист. Ин шаҳрванди Ӯзбекистон ба он далел муҷозот карда шуд, ки соҳиби ҳақиқии пулҳо будани Гулнора Каримоваро пинҳон доштааст.

– Ин пирӯзӣ барои Гулнора Каримова муҳим мебошад, зеро додситонии федеролӣ кӯшиши мусодираи дороиҳои ӯро ба даст оварда буд, – гуфтааст вакили мудофеъ Грегуар Манҷа.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди додситонии Швейтсария ҳамин нуктаро метавон гуфт, ки ҳеҷ далеле дар бораи пайдоиши ғайриқонунии 350 миллион доллари Гулнора Каримова пайдо накард.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи олии Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро дар пулшӯӣ ва тамаъҷӯӣ айбдор донистааст ва ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь