Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо ба кор шуруъ карданд, ки бо нархи дастрас сокинонро ба манзилашон мерасонанд.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки автобусҳо аз терминали шаҳри Кӯлоб то деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор ва аз маҳаллаи Худоёр Назаров то Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҳаракат карда, ба сокинон хидмат мерасонанд.

13 марти соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  шаш автобуси мусофирбар фиристода шуд.

Воридшавии автобусҳо дар доираи  «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь