2 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Бонки Эсхата мувофиқи Қарори Шӯрои нозирон Сайфидинов Акмалҷон Толибҷонович аз 1 июли соли 2023 Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» таъин карда шуд.
Акмалҷон Сайфидинов, ки зиёда аз 16 сол дар бахши бонкӣ таҷрибаи корӣ дорад, 12 солашро ба Бонки Эсхата бахшидааст. Ӯ кори худро ба ҳайси коршиноси қарзӣ оғоз намуда, то ба вазифаи Сардори Департаменти хавфҳои бонкӣ ва аз соли 2018 ҳамчун аъзои Раёсати Бонк фаъолият намудааст.
Бояд қайд кард, ки дар тӯли панҷ соли охир Акмалҷон Сайфидинов ҳамчун яке аз роҳбарони калидии Бонки Эсхата дар ташаккули низоми идоракунии хавфҳои бонкӣ, татбиқи стратегия ва раванди табдилдиҳии Бонки Эсхата саҳми босазо гузоштааст.
Ҳамзамон, Сайфидинов мутахассиси баландихтисоси соҳаи бонкӣ ба ҳисоб рафта, соҳиби дараҷаи Магистри идоракунии тиҷорат (MBA) аз рӯи ихтисоси “Инжинеринги молиявӣ” мебошад. Ӯ ҳамеша ба сӯи қуллаҳо ва ҳадафҳои нав саъю кӯшиш дорад, дар баробари ин ғамхориро нисбати ҳар як шарикон дар амал татбиқ менамояд, ки ин гарави асосии муваффақияти Бонк мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки Эсхата яке аз муассисаҳои молиявии низомсози кишвар аст. Дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва таҳкими эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон дар маҷмӯъ саҳми арзанда дорад. Бонки Эсхатаро роҳбарони тавоно ва кордон сарварӣ менамоянд, ки ба шарофати этика, сарварӣ ва садоқати онҳо Бонк босуръат рушд карда, дар бахши бонкии кишвар мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Дар соли 2020 – сарфи назар аз давраи душвори пандемияи ҷаҳонӣ – таҳти роҳбарии ҷаноби Райнер Мюллер-Ханке, сарвари кордон ва дорои таҷрибаи бойи идоракунии байналмилалӣ дар бахши молиявӣ, Бонки Эсхата равишҳо ва усулҳои нави корро ҷорӣ кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, дараҷаи самаранокӣ, рушди молиявӣ ва таҳкими минбаъдаи мавқеи пешсафи Бонки Эсхата дар бозори Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Таҷрибаи идоракунии ҷаноби Мюллер-Ханке ва саҳми бевоситаи ӯ дар рушди Эсхата бебаҳост. Ин меъёрро Акмалҷон Толибҷонович давом дода, бешубҳа боз ҳам беҳтару ғанитар мегардонад.