То дирӯз дар ҷаҳон 33 миллион нафар аз короновирус сироят ёфтаанд ва наздики 996 000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи бештари сироятёфтагон ва фавтидагон дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки наздики 7,5 миллион нафар гирифтори CoViD-19 шудаанд ва 205 ҳазор кас ҷон додаанд.

Дар ҷойи дуюм кишвари сернуфузи Ҳиндустон меистад, ки дар ин ҷо 6,07 млн гирифтор ба қайд гирифта шудаанд ва 95 542 ҳолати марг аз ин вирус мушоҳида шудааст. Дар ин қатор Бразилия низ пешсаф аст, ки 4,73 млн нафар сироят ёфтаанд ва 142 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд.

Шабонарӯзи охир (то шоми 27-уми сентябр) дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар маҷмӯъ дар муддати аз 30-юми апрел то 27-уми сентябр 9646 ҳолати сироятёбии одамон аз короновирус ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки 8430  (87,4%) нафар аз ин вирус наҷот ёфтаанд, аммо 75 нафари дигар амон наёфтаанд.

Дар шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбар ба сирояти коронавирус таҳти назорати пизишкон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо рухсат шудаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь