Шумораи аҳолии сайёраи Замин расман ба 8 миллиард нафар расид ва торафт меафзояд. Чунин маълумотро 15-уми август портали Countrymetrics.info, ки ҳисобкунаки виртуалии сокинони сайёраро дар вақти воқеӣ дорад, пешниҳод кардааст.

Тибқи маълумоти портал, дар рӯи Замин каме бештар аз 4 миллиард мард ва 3,9 миллиард зан зиндагӣ мекунанд.

Портал инчунин се сабаби маъмултарини маргро дар ҷаҳон номбар кардааст: бемории ишемикии дил (дар соли ҷорӣ 5,9 миллион ҳолат), сактаи мағзи сар (4,2 миллион ҳолат дар соли 2022) ва сироятҳои шадиди роҳҳои нафас (2,1 миллион ҳолат).

Дар ин рӯйхат 20 кишвари то имрӯз сераҳолии ҷаҳон пешниҳод шудаанд, ки дар ҷойи аввал Чину Њинд (аз 1 млрд зиёд ањолї) қарор доранд. Дар ин кишварҳо тақрибан 5,6 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд, ки 70%-и аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ба гуфтаи таҳлилгарони СММ, сокини ҳаштмиллиардуми Замин бояд то 15 ноябри соли ҷорӣ ба дунё меомад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь