Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, шояд ягона шуъбаи маориф дар ҳудуди вилоти Суғд  бошад, ки бинои худро надорад ва иҷоранишин аст.

Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд яке аз калонтаринҳо ба шумор меравад, зеро дар тобеъияти он 143 мактабу 18 кӯдакистон буда, беш аз 4000 устодон машғул ба коранд. Бо ин вуҷуд то ба ҳол яке аз муҳимтарин бахши Ҳукумати шаҳри Панҷакент бинои асосии худро надорад.

Бино ба маълумоти муаллимони куҳансол, ин шуъба чанд сол аз як бино ба бинои дигар ва аз як ҷой ба ҷои дигар мекӯчиду иҷора менишаст, аммо айни замон дар бинои собиқ идораи колхози ба номи Карл Маркс, ки бинои кӯҳна мебошад, ҷой гирифтааст.

Ҳукумати маҳаллӣ бо баҳонаи набудани маблағ барои сохтмони бино барои ин шуъба то ба ҳол тасмими сохтмонро накардаанд. Дар арафаи азнавсозии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №71 овозаҳое ҷой доштанд, ки дар паҳлӯи ин дабистон бинои нави шуъбаи маорифро ҳам месозанд, вале ғайричашмдошт ин макон ба як нафар соҳибкор фурӯхта шуд ва дар ин ҷой тарабхонае бо номи «Меҳру муҳаббат» бунёд гардид.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки ҳангоми ташрифи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент, барои бунёди бинои шуъбаи маориф бо ширкати сарвари давлат санги асоси ин бино гузошта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки назар ба дигар соҳаҳо қисми зиёди буҷети кишвар барои соҳаи маориф дар соли 2017 ва 2018 ҷудо карда шудааст.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь