Ҳунарпешаи машҳури Ҳинд Шридевӣ Капур, ки қариб дар тамоми ҷаҳон ӯро мешиносанд, бар асари сактаи қалбӣ дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Ӯ дар шаҳри Дубай рӯзи якшанбе 25-уми феврал ҷон додааст. Ҳунарпеша ҳамроҳи шавҳар ва духтари хурдиаш барои ширкат дар ҷашни арӯсии ҷиянаш ба Дубай рафта будааст.

Марги нобаҳангоми ҳунарпеша, дӯстону наздикон ва мухлисони ӯро бисёр ғамгин кардааст. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба хешовандони Шридевӣ изҳори ҳамдардӣ кард.

Шридевӣ, ки номи комили замони кӯдакиаш Шрӣ Амма Янгер Аяпан буд, дар аёлати ҷанубии Тамил Наду ба дунё омада ва аз 4-солагӣ ба саҳнаи синамо қадам ниҳодааст. Муддати 40-сол боз дар Ҳинд нақш иҷро мекард. Баъди кор дар киностудияҳои минтақавӣ соли 1979 ба Болливуд роҳ ёфт.

Шридевӣ барои саҳмаш дар арсаи синамои Ҳинд ҷоизаи Падма Шрӣ, чорумин ҷоизаи бузург дар кишварашро ба даст овардааст. Ӯ дар 300 филм нақш иҷро кардааст ва қарор буд, ки нахустин ҳунарнамоии духтари калониаш Ҷанвиро дар Болливуд бубинад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь