Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу аз пурра маҳв шудани гуруҳҳои террористӣ ва ДИИШ дар қаламрави Сурия, эълом кард. Ба гуфтаи роҳбари вазорати дифоъ, дар тӯли панҷ сол пурра шикаст додани ДИ ва ҳалли масъалаҳои геополитикӣ, ки ба манфиатҳои Русия дахл доштанд, имконпазир буд.

Артиши Русия дар Сурия тавонистааст вазифаҳои гузоштаи президент Владимир Путинро пурра иҷро кунад. Вазири мудофиа Сергей Шойгу дар ин бора дар мақолае барои рӯзномаи “Красная Звезда”, ки ба рӯзи панҷумин солгарди амалиёти Русия дар ин кишвар рост омадааст, гуфтааст.

– Мо имрӯз ба чӣ расидем? Чизи асосӣ ин аст, ки ДИИШ [“Давлати исломӣ”, созмони террористии дар Русия мамнӯъ (дар Тоҷикистон низ-ред.)] мағлуб шуд. Гузашта аз ин, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки тамоми олами махуфи террористии байналмилалӣ зарари бузург дид, – гуфт Сергей Шойгу

Ғайр аз ин, Шойгу гуфт, артиши Русия аз густариши гурӯҳҳои террористӣ ба қаламравҳои ҳамсоя пешгирӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here