Нашрияи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим “Дин ва ҷомеа” хабар медиҳад, ки шояд иди Рамазон як рӯз пештар фаро расад. Пеш аз оғози моҳи Рамазон гуфта мешуд, ки ид ба рӯзи 22-юми апрел рост меояд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтаст, тибқи ҳисобҳои пешакӣ моҳи Рамазони имсола 29 рӯзро ташкил дода, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи ҷумъа, 21-уми апрел, Иди Рамазон таҷлил мешавад.

Дар хабари ин маҷалла гуфта мешавад, ки “аввали ҳафтаи оянда ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор мегардад” ва рӯзи дақиқи таҷлили идро маълум мекунад.

Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март оғоз гардида буд.

Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь