Дар арафаи Соли нави мелодии 2023 раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин аз Ташкилоти ҷамъиятии наврасону кӯдакони “Тавоно”-и ноҳия дидан кард.

Дар муассисаи мазкур 30 кӯдаки имконияташон маҳдуд ба табобат фаро гирифта шуда, пайваста аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ бархурдоранд.

Ба кӯдакони мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида, ҳамчунин дастархони идона ороста шуд.

Инчунин, ду кӯдаке, ки имконияти роҳгардӣ надоштанд, бо аробачаҳои маъюбӣ  таъмин гардиданд. Дар ин хусус аз дафтари матбуоти ноҳия итиллоъ доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь