Мо бо соли 2021 хайрбод мегӯем ва соли нави 2022-ро истиқбол мегирем. Дар ин рӯзи фархунда ва пур аз шодиву нишот як гурӯҳ аҳли фарҳангу адаб ва устодони донишгоҳҳои Ӯзбекистон мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии иди Соли нав муборакбод мегӯянд. Ҳоло унин фурсати муносибро дар ихтиёри онҳо мегузорем.

Масъуд Мирзо, шоир, корманди садо ва симои вилояти Фарғона, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Фарғона:

Дарвоқеъ, бо истифода аз фурсати муносибе, ки “Фараж” бароям фароҳам овардааст, ҳамаи шумо, азизони дил, мардуми гуногунмиллати Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик ва шодбош мегӯям.Инчунин бо камоли майл таманно мекунам, ки соли нави фарорасида барои тамоми мардуми олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон соли некиву пешравиҳо гардад.

Мувофиқи омори расмӣ дар вилояти Фарғона мардуми тоҷиктабор хеле зиёданд. Танҳо дар ноҳияи Сӯх аҳолии сартосарии онро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд ва дар мактабҳои он таълиму тарбия ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст.

Гузашта аз ин, рӯзномаи “Садои Сӯх” ва студияи телевизионии “Сӯх”, ки як ҷузъи Ширкати садо ва симои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, бо табъу нашри матолиби тоҷикӣ фаъолиятҳои худро беш аз пеш тавсеа мебахшанд. Танҳо барномаҳои студияи телевизионии “Сӯх”-ро тамоми аҳолии водии Фарғона, ки се вилояти Ӯзбекистон, се вилояти Қирғизистон ва як вилояти Тоҷикистонро фаро гирифтааст, бо шавқу завқ тамошо мекунанд.

Банда рӯзмарра талош меварзам, ки дар радиои вилоят барномаҳои ҷолиб ва шуниданӣ таҳияву пахш гарданд. Ҳафтае як маротиба нимсоатӣ телевизиони вилоят намоишҳоро ба забони тоҷикӣ пахш мекунад. Соли панҷум аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Фарғона гурӯҳи тоҷикии факултаи филология машғули фаъолият мебошад ва аллакай гурӯҳи нахустин онро хатм карда, дар мактабҳо ва коллеҷу литсейҳо ба шогирдони худ сабақ медиҳанд.

Соли нави мелодӣ барои ҳамаи шумо муборак бод!

Рамазон Абдуллозода, устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз:

Мо соли 2021-ро хеле хуб ҷамъбаст кардем. Дар ин сол соҳиби  муваффақиятҳои зиёд шудем. Шогирдонамон дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат кардаа пирӯзиҳо ба даст оварданд ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар айни ҳол мо дар гурӯҳҳои тоҷикии факултети филология ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Тирмиз барои муассисаҳои таълимии вилояти Сурхондарё соири вилоятҳои дигари ҷумҳуриамон кадрҳои малаканоки омӯзгорӣ тайёр мекунем.

Як сол муқаддам мо дар донишгоҳ гурӯҳи тоҷикии факултаи методикаи таълими ибтидоиро ифтитоҳ намудем. Ин гурӯҳ 25 нафар ҷавононро аз минтақаҳои мухталифи Ӯзбекистон гирдиҳам овардааст. Онҳо бо шавқу завқ машғули таҳсил мебошанд. Умедворам, ки ин шогирдонамон низ баъди хатми донишгоҳ ба фарзандони мардуми тоҷиктабор забони ноби форсии тоҷикӣ меомӯзанд ва барояшон дари илму маърифатро боз мекунанд.

Дар соли нави мелодии 2022 роҳандозии маҳфилҳои фарҳангӣ ва нишасту конфронсҳои илмиро барномарезӣ кардаем. Ҳадафи асосӣ аз роҳандозии ин чорабиниҳо нишон додани нерӯ ва тавоноии устодони донишгоҳ, ба илму маърифат завқу шавқи беандоза доштани ҷавонон мебошад.

Аз тариқи сомонаи “Фараж” тамоми муштариёни он, мардуми азиз ва фарҳангдӯсти Тоҷикистонро бо фаро расидани Соли нав самимона шодбош мегӯям. Бигзор, дар соли нав риштаҳои дӯстиву рафоқати миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон боз ҳам мустаҳкам гардад, равуоҳо чунин содаву осон бошанд, робитаҳои фарҳангӣ аз ин ҳам бештару беҳтар рушду нумӯъ намоянд. Соли нав муборак бод!

Зоҳир Ҳасанзода, нависанда ва журналист, мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд:

Чи сон хубу гуворост, ки дар ин рӯзҳои фархунда битавонам мардуми Тоҷикистони ҳамҷаворро бо иди Соли нави мелодии 2022 табрику таҳният гӯям!  Худоро шукр мегӯям, ки мо баҳам омадем ва дарвозаҳо боз гардиданд. Дар чаҳор соли ахир ба Самарқанди бостонии мо аз Тоҷикистон меҳмонони зиёд ташриф оварданд. Онҳо одамони касбу кори гуногун буданд. Ба шарафи меҳмонон борҳо маҳфилҳо оростем ва шеъру сурудхонӣ то ба само дакка хӯрд.

Банда аз зумраи онҳое ҳастам, ки талошҳои худро барои рушди журналистикаи тоҷик дар Ӯзбекистон сарф мекунанд. Масъулияти ин кор хеле вазнин аст, аммо мо то қадри тавон талош мекунем, ки рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” барои муштариёни азиз матолиби хонданӣ нашр намоянд.

Самарқанди бостонӣ гаҳвораи тамаддун муаррифӣ шудааст ва ин беҳуда нест. Дар ин шаҳр он қадар олимону фозилон ва адибон зодаву парварда шудаанд, ки теъдодашон бешумор аст. Маҳз онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддун нақши муассир бозидаанд.

Боре бо Нормурод Каримзода, шоир ва сардабири рӯзномаи “Субҳи Гулобод”-и ноҳияи Самарқанд дар ин бора фикру ақидаҳоямонро радду бадал кардем. Хулоса ҳамин шуд, ки аҳли фарҳангу адаби Самарқанди имрӯза бояд аз ҳарвақта дида беҳтару бештар дар тарғиб ва рушди забони ноби форсӣ саҳим бошанд, ба ҷавонон фаҳмонанд, ки ин чи забонест ва ба он кадом мутафаккирону адибон ва валиҳои маъруфу машҳур ҳарф задаву эҷод намудаанд.

Бо беҳтар шудани равобити миёни ду кишвар дар Тоҷикистон барои рушди забони ӯзбекӣ имкониятҳо фаровон мешаванд ва дар Ӯзбекистон шароит мусоидат менамояд, ки забони модарии мо рушд кунад. Ин иқдоми некест, ки бештар аз ду даҳсола мунтазираш будем ва, ахиран бо иродаҳои сиёсии сарварони ду давлати дӯсту бародар-Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ба ин мурод расидем.

Ба ҳар сурат, ман ба сифати адиб ва журналист ба оянда бо назари нек менигарам. Итминон дорам, ки таҳкими риштаҳои дӯстии миёни ду кишвари ҳамҷавор чунин имкониятҳоро боз фаровонтар месозанд ва метавонем баҳри рушду ривоҷи забони форсии тоҷикӣ талош кунем.

Соли 2021 сипарӣ мегардад ва соли навро истиқбол мегирем. Барои ҳамин боз як бори дигар ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз фарорасии соли навро самимона шодбош гуфта, таманно мекунам, ки  соли паланг барои ҳамаи мо соли неку пур аз пирӯзиҳо гардад. Соли нав муборак бод!

Китобаткунанда:

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь